Пагоҳ дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 14 майи соли равон дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивали мазкур «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» ном дошта, дар он сарояндагону навозандагон, донишҷӯён ва ҳунармандони ҷавон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумита роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз он мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад.
Фестивали ҷавонон соати 18:00 оғоз мегардад.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






