Пагоҳ дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 19 майи соли 2019, аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 дави миллӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар мусобиқаи марафони велосипедронӣ варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди зебои варзиш ширкат меварзанд.
Дар дави миллӣ тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт иштирок менамоянд.
Бояд зикр кард, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Ёдрас мешавем, ки кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» низ дар ин мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд.










КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






