Пагоҳ дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ доир мегарданд

Май 18, 2019 15:34

ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пагоҳ,  19 майи соли 2019, аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 дави миллӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то  Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  баргузор мешаванд.

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар мусобиқаи марафони велосипедронӣ  варзишгарон ва  дӯстдорони ин намуди зебои варзиш  ширкат  меварзанд.

Дар   дави миллӣ тамоми кормандони  вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти  миёнаи касбии пойтахт  иштирок менамоянд.

Бояд зикр кард, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон   дави миллӣ   ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ  дар  тамоми  ҷумҳурӣ  баргузор мегардад.

Ёдрас мешавем, ки кормандони    Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»      низ     дар ин мусобиқаҳои варзишӣ  фаъолона  иштирок менамоянд.

Май 18, 2019 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд