Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рўзи 24-уми май соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.
Дар баробари дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии мазкур дар масоҳати беш аз 10 гектар пиёз кишт карда шудааст, ки 6 гектараш пиёзи барвақтӣ буда, ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфтааст.
Хоҷагидорон барои парвариш роҳу усулҳои муосир ва техникаи соҳавиро истифода кардаанд.
Фаровонии ҳосил хоҷагидоронро барои таъмини рушди минбаъдаи он ҳавасманд намудааст ва меҳнаткашон талош доранд ҳосили пухта расидаро сари вақту бе талаф ҷамъоварӣ намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳосили ҳар як гектар 500 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафар Пешвои миллат аз хоҷагии деҳқонии «Сангак Гулмурод» низ дидан намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Сангак Гулмурод» соли 2004 таъсис дода шуда, 32 гектарро ташкил медиҳад. Бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда хоҷагидорон дар масоҳати 15 гектар пахта, 14 гектар гандум, 1 гектар қулфинай, 1,5 гектар полезӣ ва дар 50 садяк замини дигар помидор кишт намудаанд.
Дар хоҷагии мазкур 30 нафар ба шуғли доимӣ таъмин мебошанд.
Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон барои самаранок истифода бурдани замин ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, дар таъмини бозори истеъмолии сокинон ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза нақши муҳим доранд.
Дар ин шабу рўз сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара талош доранд, ки бо меҳнату заҳматҳои пайваста ин соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакатро рушд дода, дар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.
Зимни шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур доданд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда дар баробари дигар намуди сабзавот, дар оянда кишти сабзиро ба роҳ монда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми бештар гузоранд.













Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






