Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара шинос шуданд

Май 24, 2019 14:21

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво шинос шуданд. Айни замон бо истифода аз имкони мавҷуда дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҷамъоварии хуроки чорво идома дорад.

Дар мавсими имсола чорводорони ноҳияи Данғара азм доранд зиёда аз 100 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ намоянд. То 24 май кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бештар аз 20 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ кардаанд.

Бо дарназардошти фаровонии хӯроки чорво Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои захираи дусолаи он вазифадор намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Данғара давоми солҳои зиёд аст, ки дар самти ҷамъоварии хӯроку парвариши чорво таҷрибаи ғани доранду дар қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд.

Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Соли гузашта чорводорони ноҳия нақшаи ҷамъоварии хӯроки дурушти чорворо 105 фоиз иҷро намуда буданд. Меҳнати пайваста ва истифодаи тамоми имконоти мавҷуда буд, ки дар мавсими имсолаи наслгирӣ чорводорони ноҳияи Данғара таҷрибаи намунавӣ нишон доданд.

Кишоварзон талош доранд дар ҷумҳурӣ бо заминагузори ба рушди минбаъдаи чорводорӣ дар зиёд кардани истеҳсоли гӯшту шир ва қонеъсозии талаботи бозори истеъмоли бо ин намуди маҳсулот нақши муҳим дошта бошанд.

Меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар баробари ҷамъоварии алафҳои худрӯй аз талу теппаҳои беканори ноҳия ҳамзамон дар майдони 660 гектар кишти зироати гуногун барои захираи хӯроки чорво гузарониданд.

Май 24, 2019 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд