Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузашти низомӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.
Сипас Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ суханронӣ намуда, ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 25 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд.
Таъкид гардид, ки яке аз тадбирҳои аввалине, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда мусоидат намуд, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Ва имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавон, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шудааст. Ҳоло сарҳадбонони даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлолияти давлати тоҷикон хизматро дар шароити муосир анҷом медиҳанд.
Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳиммоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои мухталифи олам онҳоро ба зиракию ҳушёрии мудом, омодагии баланди ҳарбӣ ва ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Ба таъкиди Пешвои миллат марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва минтақа мебошад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ доир гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






