Президенти мамлакат дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ карданд.
Макони дигари сайру гашти сокинони деҳаи Пушинг Боғи фарҳангию фароғатӣ ё тамошогоҳ ва ҳавзи калон мебошад, ки ба ифтихори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, аз ҷумла Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, бо иқдоми дастаҷамъонаи мардум ва соҳибкорон дар давоми 1 сол азнавсозӣ шуд.
Масоҳати умумии тамошогоҳ 6 гектарро ташкил медиҳад.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ҳудуди мавзеи сайру гашти сокинон аз тарафи коргарон 2,5 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонида шуд.
Барои мусоидат ба истироҳату фароғати мардум дар тамошогоҳи назди ҳавз 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ гузошта шудааст.
Аз ду тарафи роҳравҳои ин мавзеи хушбоду ҳаво лавҳаҳои шеъру андарзҳои бузургон, шиору навиштаҷоти пур аз панди рӯзгор аз классикони тоҷик ҷамъоварӣ гардидааст, ки барои тарбияи насли ҷавон бисёр бамаврид мебошад.
Қаҳрамонони афсонавии бо оҳану чубҳо сохташуда бо ороиши гуногун диққати кӯдакону наврасонро ба худ ҷалб мекунад.
Дар ҳавз моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш карда мешаванд, ки дар як сол теъдоди моҳӣ ба садҳо ҳазор расидааст.
Дар дохили ҳавз 4 қаиқи гуногунҳачм дар хизмати истироҳаткунандагон гузошта шудааст.
Дар ин ҷо барои дӯстдорони варзиш имкониятҳои мусоиди давидан ва обу тоби бадан муҳайё гардидааст. 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ карда шуда, дигар лавозимоти варзишӣ барои варзишгарон насб шудааст.











Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






