Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Шартномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид

Май 17, 2019 17:16

ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими имзои Протоколи  мубодилаи тасдиқномаи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов имзо намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз тарафи роҳбарони ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд.

Мутобиқи моддаи 16-и Шартномаи мазкур ин санад аз 17 майи соли 2019  эътибор пайдо кард.

Май 17, 2019 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид