Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд

Май 21, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд. Дар доираи ин рӯзҳои фарҳангӣ 20 май муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён бо муовини губернатори музофоти Шенси Чжао Ган вохӯрӣ намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Чжао Ган оид ба таърих ва дастовардҳои фарҳангию таърихии музофоти Шенси маълумот дода, иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин  бо ибтикори сарони ду давлат ва вазирони фарҳанги Тоҷикистону Чин имконпазир гардидааст. Чжао Ган ҳамчунин  зикр кард, ки  ҷониби Чин омода аст муносибатҳоро дар соҳаи фарҳанг, сайёҳӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт тақвият диҳад.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Обидҷон Назариён доир  ба масоили гуногунҷабҳаи ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Номбурда, аз ҷумла таъкид намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанг барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкории минбаъда  заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ба иттилои манбаъ, шоми 20 май дар даромадгоҳи Кохи бузурги фарҳангии шаҳри Сиан намоиши рассомӣ ва аккосӣ бо номи «Тоҷикистони муосир» доир гардид, ки аз он намояндагони олимақоми ҳукумати шаҳри Сиан ва музофоти Шенси, инчунин мардуми санъатдӯст дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Сипас барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони соҳибистеъдод манзури тамошобинон гардид, ки бо кафкӯбиҳои зиёд пазироӣ  гардид.

Хотиррасон мешавем, ки  санъати рақс ва мусиқии тоҷикро дар Чин ансамблҳои рақсии «Гулрез» ва «Парасту», ансамбли созҳои миллии «Дарё», ҳунарпешагон Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимзода,  Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 15  май оғоз гардида, он то 22 майи соли равон  идома меёбад.

Май 21, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад