Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск аз кӯли Сарез дидан мекунад
ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан мекунад»,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Инчунин интизор меравад, ки худи ҳамон рӯз маросими расмии истиқболи Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Қасри миллат баргузор гардад. Сараввал мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск доир мегардад. Сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо доир мешавад. Дар анҷоми мулоқот изҳороти матбуотии муштарак ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.
Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати тоҷик дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






