Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск 29 майи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Интизор меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Туск мулоқот намояд.
Бино бар иттилои хадамоти матбуоти сарвари Шӯрои Аврупо, дар мулоқот ғайр аз масъалаҳои минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идораи марзҳо, инчунин амнияти минтақавӣ мавқъеи муҳим хоҳанд дошт.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо (Брюссел) дар соли 2001 фаъол гардид. Дар навбати худ, Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз соли 2009) соли 2004 кушода шуд.
Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаҳои Аврупоӣ, ки соли 2004 ба имзо расида буд ва аз 1-уми январи соли 2010 ба қувваи амал даромад, муносибатҳоро байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи сифатан нав баровард.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд






