РАМАЗОН МУБОРАК! Иқдомҳои савоб ва саховатмандона ривоҷ меёбанд
ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз аз ҷониби кормандони нонпазхонае, ки дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе (маҳаллаи 1-уми Совет) воқеъ гардидааст, бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон амали савоб ба анҷом расид. Онҳо 5 халта ордро хамир карда, нонҳои пухтаашонро ба аҳолӣ ба таври ройгон тақсим намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни суҳбат кормандони ин нонпазхона иброз доштанд, ки онҳо ин амали хайрро ба хотири гирифтани савоб дар моҳи мубораки Рамазон ба ҷо овардаанд. Онҳо хоҳиш намуданд, ки номашон ифшо нагардад, зеро тавре фармудаанд, «хайрро ончунон бояд кард, ки агар бо дасти рост диҳӣ, дасти чапат аз он огоҳ нашавад».
Мояи хушҳолист, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон чунин иқдомҳои хуби рамазонӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Тавре сокини кӯчаи А. Ғуломови шаҳри Душанбе Абдусалом Набиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин саҳар як микроавтобуси №15 ба шарафи рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон ба сокинони шаҳр ба таври ройгон хизмат расонида истодааст.
«Ин амал дар ҳақиқат иқдоми наҷиб аст ва аз он дастгирӣ бояд кард»,- гуфт А.Набиев. Мавсуф афзуд, ки гап сари 1 ё 2 сомонии роҳкиро намеравад. Муҳим он аст, ки ба ин васила амалҳои хайру савоб, ки ба мардуми мо аз қадим хосанд, тарғиб мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин амалҳои савоб дар пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон солҳои пешин ҳам ба назар мерасиданд. Ин гуна иқдоми накӯ на танҳо аз ҷониби ронандагони микроавтобусҳо, балки дигар воситаҳои нақлиёти мусофиркашони пойтахт – автобусҳою троллейбусҳо низ ба мушоҳида мерасид.
Мояи хушҳолист, ки анҷом додани чунин амалҳои савоб дар ин моҳи муборак дар тамоми ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана медарояд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Саидшариф Шарифови маркази ноҳия ҷиҳати расонидани кумак ба сокинони ниёзманд се нуқтаи хизматрасонӣ ташкил гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, минбаъд ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз нуқтаҳои хизматрасонӣ маводи ғизоӣ дастрас намоянд. Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ва шахсони хайрхоҳ дастгирӣ ёфта истодааст ва дар назар аст, ки дар сатҳи ҷамоатҳо низ чунин нуқтаҳо таъсис дода шаванд.
Ин тадбирҳо бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар ноҳияи Мастчоҳ амалӣ карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ташаббуси мазкурро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон муфиду саривақтӣ унвон карда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»











РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






