Раванди таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси МТАС (методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият) оғоз гашт
ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 31 майи соли ҷорӣ дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» семинар дар мавзӯи «Таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси МТАС (методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият)», барои фасилитаторони дар асоси озмун интихобгашта ва кормандони МД «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» доир карда мешавад.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренинги мазкурро мушовири байналмилалӣ оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ хонум Болормаа Самдам мегузаронад.
Мақсади семинари мазкур омӯзондани иштирокчиён оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ бо дарназардошти методологияи таълим дар асоси салоҳияти касбӣ мебошад. Тренинг бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, ин раванд имкон медиҳад, ки методолигияи таҳияи барнома ва маводҳо хубтар аз худ карда шавад ва дар амал татбиқ гардад.
Ёдовар мешавем, ки бо такя ба стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 татбиқи лоиҳа ба ҳали масъалаҳои модернизатсияи методологияи таълимӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ ва омӯзиш тавассути истифодаи стандартҳои салоҳиятҳои ҳар як касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳият равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия дар оянда амалӣ хоҳад намуд.
Ба иттилои манбаъ, то ба имрӯз харитаҳои функсионалии 17 касби коргарӣ омода гардида, дар асоси онҳо стандартҳои салоҳияти 11 касб таҳия шудаанд ва таҳияи 6 стандарти дигар идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.









Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






