Роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ашқобод ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 25.05.2019 / АМИТ «Ховар» /. 31 майи соли равон дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.
Тавре дар сарчашмаи хабар омадааст, дар ҷаласаи зикргардида дар назар аст, ки роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои ИДМ доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории иқтисодии Иттиҳоди мазкур мубодилаи афкор намуда, инчунин сана ва макони баргузории вохӯрии ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро муайян намоянд.
Дар ҷаласа масъалаҳои таҳияи лоиҳаи байниҳукуматии барномаи ҳамкории инноватсионии кишварҳои ИДМ дар давраи то соли 2030, Созишнома дар бораи ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ, ки қабули он дурнамои таҳким ва густариши ҳамкории гумрукӣ дар фазои ИДМ-ро таъмин менамояд баррасӣ мегарданд. Инчунин он заминаи ҳуқуқиро барои табодули иттилооти муҳим миёни мақомоти гумрук, ки истифодааш дар низоми идоракунии хавфҳо барои таъмини сатҳи муносиби ҳимоя аз ҷониби мақомотҳои гумрук ҳуқуқ ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ дар савдои мутақобилаи ИДМ фароҳам меорад.
Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласа имзои ҳуҷҷатҳои қаблан ба мувофиқа расонидашудаи байнидавлатӣ, ки ба густариши ҳамкории байни давлатҳои ИДМ дар соҳаи савдо, гумрук ва назорати мол, транзити онҳо тавассути қаламрави кишварҳои ИДМ, инчунин дар соҳаи корҳои илмию тадқиқотӣ асос ёфтаанд, ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки сарони давлатҳои ИДМ дар бораи таъйин намудани муовини аввали роҳбари Маркази зидди террористии кишварҳои аъзои ИДМ қарор қабул хоҳанд кард.








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






