«САД РАНГИ ЧАКАН». Имрӯз дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ гузориш медиҳад.
Дар маросими ҷамъбасти фестивал Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Фестивали мазкур бо иқдоми наҷиб ва дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидўзиву гулдӯзиҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон доир карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий чакан ва ҳунари гулдӯзии точикон бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки ин рӯйдод, албатта, муҷиби ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.
Дар муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди хешро ба маъраз мегузоранд ва ба ин васила ба ҳунари бонувон арҷ гузошта мешавад.
Баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Фестивали «Сад ранги чакан» бо фарогирии намояндагон, занону бонувони ҳунарманди тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр сурат гирифт. Даври аввал бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз ва тарроҳ дар шаҳру ноҳия, даври дуюм дар вилоятҳо гузаронида, даври сеюм ва ниҳоӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Иштирокчиёни Фестивали «Сад ранги чакан» бо диплому туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.











ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд






