Сафи аъзои Ташкилоти ибтидоии «Меҳнат»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ меафзояд

Май 3, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи навбатии Ташкилоти ибтидоии  «Меҳнат»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  баргузор шуд, ки дар он  масъалаи ба сафи ташкилоти мазкур шомил гардидани аъзои нав баррасӣ гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати  мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар арафаи  Рўзи ҷавонон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 23 май ҷашн гирифта мешавад,  12 нафар ҷавонон ихтиёрӣ, бо пайравӣ аз Сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои ин ҳизби бунёдкору созанда шуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии «Меҳнат» – муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмин Сангинзода  ба   аъзои нави ҳизб  таъкид намуд, ки  «шумо ҷавонони хуштолеи мамлакат ҳастед, ки дар замони соҳибистиқлоли Ватан умр ба сар мебаред ва имрӯз шарафи бузург насибатон гардидааст. Воқеан  пайвастан ба ҳизбе, ки бо  сиёсати созандагӣ, бунёдкорӣ, ободкорӣ ва хирадмандонаву пешбинонаи Сарвари муаззамаш-  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ободониву шукофоии  Ватани азизамон саҳми намоён мегузорад, мояи ифтихор аст. Дар пайравӣ ба Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмати арзанда намуда, ба ин шараф сазовор гардед!»

«Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қувваи бузург табдил ёфта,  талош дорад ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти  мардум дар ҷомеа  расидагӣ кунад.  Вобаста ба ин, аъзои ташкилот дар ин ҷода саҳми босазо ва бевоситаи худро ҳамчун хизматчии давлатӣ мегузоранд. Дар робита ба ин, дар маҷлиси ҳизбӣ, ки дар он аъзои нав ба сафи ҳизб пазируфта шуданд, Э.Сангинзода таъкид намуд, ки «мо бояд боз ҳам дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан – Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем».

Сипас  сардори шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Т. Камолов  ба ин ҷавонон барору комёбӣ орзу намуда, зикр кард, ки «шумо бояд бо рафтори намунавӣ ва хизмати содиқона исбот намоед, ки пайрави Пешвои миллат, насли ояндасоз ва қадршиноси  Ватан ҳастед!».

Дар анҷоми маҷлис ба ҳар нафаре, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, дафтарчаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки Ташкилоти ибтидоии «Меҳнат»  моҳи сентябри соли 2004 бо қарори муассисон – кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуда, бо қарори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино тасдиқ шудааст.

Ташкилоти  мазкур  фаъолияти худро тибқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда,  соли гузашта ва дар семоҳаи якуми соли 2019 дар тамоми чорабиниҳои ҳизбии сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ  фаъолона ширкат намуд.

Маҷлисҳои ҳизбӣ дар ташкилоти зикршуда мувофиқи тартиб ва нақшаи тасдиқшуда на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Дар онҳо дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 баён гардидаанд, ҳадафҳо ва барномаҳои стратегӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  мамлакат мавриди роҳбарӣ қарор дода мешаванд. Ҳамзамон он самтҳои сиёсати муайянгардида, ки татбиқи онҳо ба салоҳияти вазорат мансуб мебошанд, тибқи дастуру супоришҳо амалӣ карда мешаванд.

Дар ин давра аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии  «Меҳнат»  таклифу пешниҳодҳо барои ворид намудан ба лоиҳаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоӣ таҳти унвони «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» муҳимтарин самтҳои рушд дар татбиқи сиёсати иҷтимоии мамлакат дар солҳои 2020 – 2025 таҳия ва манзур карда шуд. Дар партави ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2019 таҳти сарварии  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он Сарвари муаззами ҳизб суханронӣ намуданд, дар ташкилот маҷлис баргузор намуда, бори дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла, мавқеи ҳизб дар ҷаҳони муосир, омодагӣ ба маъракаҳои пешазинтихоботӣ муайян карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки тибқи корҳои банақшагирифташуда аъзои ташкилоти ибтидоии вазорат пайваста дар бурдани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони дастгоҳи марказии вазорат, сохторҳои системаи он ва дар байни аҳолӣ, таъмини иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ бахшида ба 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28 – солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди рӯзҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва дигар чорабиниҳо, инчунин вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам зиёд намудани шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон – кормандоне, ки нав ба вазорат ба кор омадаанд, саъй карда мешавад.

            Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Май 3, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд