Сафиало Азизуллозода: «Дар таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир кард»
ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Сафиало Азизуллозода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт С. Азизуллозода тариқи слайд ва пахши видео-роликҳо ба мардум сабабу омилҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шарҳ дод.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ бо мардум ва имомхатибони масҷидҳо гуфта шуд, ки зимни муҳоҷирати меҳнатӣ фарзандонашонро беназорат нагузошта, пайваста бо онҳо дар тамос бошанд. Бояд ки дар таълиму тарбияи фарзандон бетарафӣ зоҳир накарда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию ахлоқи ҳамида тарбия намоянд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз баргузории суҳбати озоду самимӣ ба роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт изҳори миннатдорӣ намуда, бо қаноатмандӣ аз фаъолияти имрӯзаи милитсия зикр карданд, ки чунин вохӯриҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ таъсирбахш мебошанд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






