Саман Зарифӣ: «Тоҷикистон метавонад дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои инсон намунаи беҳтарин бошад»
ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон метавонад дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои инсон барои кишварҳои дунё намунаи беҳтарин бошад. Ин нуктаро роҳбари Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон Саман Зарифӣ имрӯз зимни мулоқоти худ бо вакилони Маҷлиси намояндагон баён дошт.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар Душанбе ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон бо роҳбари Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон Саман Зарифӣ мулоқот анҷом дод.
Бояд гуфт, ки Комиссияи мазкур 60 нафар ҳуқуқшиносони варзидаи ҷаҳонро муттаҳид намуда, бо истифода аз донишҳои муосир ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро дар ҷаҳон таъмин менамояд.
Зикр гардид, ки Парлумони Тоҷикистон барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар мамлакат зиёда аз сад санади меъёрию ҳуқуқиро қабул кардааст.
«Имрӯз Тоҷикистон яке аз мамлакатҳоест, ки қариб ба ҳамаи санадҳои универсиалӣ оид ба ҳуқуқи инсон имзо гузоштааст. Тозатарини ин санадҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб мебошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери он имзо гузоштанд. Ин санад ҳоло дар арафаи тасвиб қарор дорад», — илова намуд манбаъ.
Вакилони мардумӣ зикр намуданд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани чандин барномаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. «Аз ҷумла, соли ёздаҳум аст, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, фаъолият дорад», — зикр шуд дар ҷараёни мулоқот.
Саман Зарифӣ дар навбати худ тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро намунаи олии ҳифзи ҳуқуқи инсон дониста, гуфт: «Ин мамлакат метавонад барои дигар кишварҳо намунаи беҳтарин бошад».
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот оид ба масъалаҳои адолати судӣ, мустақилияти судҳо, фаъолияти судяҳо ва сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






