«Санои Ватан»-озмунест дар Бадахшон, ки бахшида ба солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ доир мегардад
ХОРУҒ, 25.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ байни ҷавонон озмунро бо номи «Санои Ватан» эълон кард. Низомномаи озмун тасдиқ ва дар ихтиёри бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта шуд. Озмун дар се давр баргузор гардида, даври аввали он дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот, даври дуюм дар маркази шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Даври ниҳоии озмуни мазкур 24 июн, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст мегардад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар озмун ҷавонони аз 18 то 30 сола ширкат меварзанд. Онҳое, ки ҳангоми қироати шеър мутобиқ ба мавзӯи он либос ё мусиқии мувофиқ интихоб мекунанд, албатта афзалият дода мешавад. Зеро ин ҳам як навъи эҷодкорӣ аст ва аз завқи шеърфаҳмию зебоипарастии ровӣ далолат медиҳад.
Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан зикр кард, ки «дар озмун асосан ровиёни ҷавон ширкат мекунанд. Ҳакамони озмун ба мӯҳтаво ва тарзи қироати шеъри интихобнамудаи онҳо баҳо мегузоранд. Шеър беҳтарин василаи изҳори меҳру муҳаббат ба Меҳан аст. Дар адабиёти сеҳазорсолаи мо борҳо ба мушоҳида расидааст, ки як шеъри ватандӯстона садҳову ҳазорон нафарро барои ободии Ватан, сохтмонҳои азими тақдирсоз, ҳимояи сарзамин ҳидоят намудааст. Шеърро тарзе бояд қироат кунанд, ки гӯшро навозиш, рӯҳу равонро таскин ва ба зиндагӣ умед бахшад, инсонҳоро муттаҳид созад».
Яке аз дигар аъзои ҳакамон Руқия Давроншоева ба ин назар аст, ки рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи даврони истиқлолият ҷойгоҳи хос дорад ва ҳар қадар онро васф кунем, боз ҳам кам аст.
«Ба касе пӯшида нест, ки корвони ваҳдатсаро маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Пешвои миллат ба сарманзили хеш расид ва сол аз сол таҳкиму устувортар мегардад. Тақдири минбаъдаи он дар дасти ҷавонони боҳушу закӣ ва ватандӯсту бедордил аст»,- мегӯяд ӯ.
Ғолибон бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ сарфароз мегарданд.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






