Шӯрои уламо: 6 май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аст

Май 1, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 6 майи соли равон дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

Дар робита ба ин имрӯз қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон қабул гардид.

Тавре аз Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол моҳи шарифи Рамазон 6 май, ки ба рӯзи душанбе рост меояд, шурӯъ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян намудаанд, ки соли равон оғози моҳи шарифи Рамазон ба ин рӯз рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз буда, он 4 июн ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 5 июн дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад.

Май 1, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд