«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ ва илмӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор менамояд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, имсол барномаи байналмилалии «Шабе дар Осорхона» таҳти унвони «Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ: ояндаи анъанаҳо» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, баҳри фароғати фарҳангии тамошобинон Осорхонаи миллии Тоҷикистон 18 маҳфили фарҳангӣ ва илмӣ омода намудааст, ки онҳо шаби 18 май манзури тамошобинон гардонида мешаванд. Ин маҳфилҳо ба мардум шароити мусоид фароҳам меоваранд, то фурсате бо аҳли оилаи худ ба сайру гашт бипардозанд.
Тавре Ф.Кенҷаев зикр намуд, ифтитоҳи расмии барномаи «Шабе дар Осорхона» 18 май, соати 17:40 дар саҳни даромадгоҳи Осорхона бо иштироки карнайнавозон ва ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин навозиши созҳои мусиқӣ аз ҷониби мутрибон, қироати шеърҳо аз ҷониби тамошобинон ва ташкили саҳнаҳои театрикунонидашуда манзури бинандагон мегардад.
Ҳамчунин иштирокчиёнро маҳфили «Як тасвир», «Хушнавис», «Мутриб», «Оҳанги муассир», «Ҳозирҷавоб», интелект-шоу барои кӯдакон, қироати шеърҳо, чистонгӯӣ, намоиши филмҳои «Тоҷикистон- кишвари сайёҳӣ», ихтироъкорони ҷавон, намоиши кашфиёти техникӣ ва озмуни акси беҳтарин «Ман ва Осорхона» интизоранд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2006 зиёда аз 2000 осорхона аз 38 кишвари дунё ва соли 2015 бештар аз 35 ҳазор осорхона аз 145 мамолики дунё иштирочиёни чорабинии байналмилалии «Шабе дар Осорхона» гардида буданд. Айни замон ҳазорҳо осорхонаи беш аз 150 кишвари ҷаҳон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро баргузор менамоянд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ аз соли 2013 инҷониб иқдомоти байналмилалии мазкурро ҳамасола баргузор менамояд.
Мақсади асосии иқдоми мазкур ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон, алоқамандони нав, махсусан ҷавонон барои шинохти мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, аз қабили калонсолону ҷавонон, занону мардон ва наврасону кӯдакон имкон доранд дар ин чорабинии байналмилалӣ ширкат варзида, аз тамошои он лаззат мебаранд.








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






