Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Муколамаи сохтории САҲА бахшида ба ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомии муқовимат бо терроризм

Май 8, 2019 14:28

ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /НИАТ «Ховар»/. 6-7 майи соли 2019 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоҳир Саидзода дар кори ҷаласаи Муколамаи сохтории САҲА иштирок кард. Тибқи барномаи ҷаласаи мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба сифати гузоришагари калидӣ дар ҷаласаи дуюми Муколама бахшида ба ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомии муқовимат бо терроризм суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар суханронии худ З.Саидзода кишварҳои узви САҲА-ро бо саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо таҳдидҳо ва чолишҳои марбут ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез ва раванди татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ва минтақавӣ шинос намуд.

Дар заминаи ҳамкорӣ бо САҲА дар доираи ченаки низомӣ-сиёсӣ, З.Саидзода аз татбиқи як зумра барномаву лоиҳаҳои муштарак, аз қабили коркарди Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ислоҳоти милитсия, тавсеаи иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорати захираҳои силоҳи сабуки оташфишон, силоҳи муқаррарӣ ва безараргардонии минаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вобаста ба масъалаи қочоқи маводи мухаддир ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризм муовини вазир аз кишварҳои узви САҲА даъват ба амал овард, ки дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (Душанбе, 16-17 майи соли 2019) иштирок намоянд.

Май 8, 2019 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд