Шоми имрӯз дар шаҳри Сиани Чин барномаи бошукӯҳи консертӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад

Май 20, 2019 15:17

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 15  май оғоз гардида, он то 22 майи соли равон  идома меёбад. Дар доираи  баргузории ин рӯзҳо  дар толори расмии Маҷмаии консертии «Ҳафтуми феврал»-и   Ҷумҳурии Мардумии Чин муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён, ки роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин аст,  бо муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Хитой Чанг Су вохӯрӣ намуд.

Тавре аз маркази  матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо густариши муносибатҳои фарҳангиро байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба роҳҳои таҳкимбахшии робитаҳо изҳори назар карданд.  Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Хитой Чанг Су изҳор дошт, ки муносибатҳои фарҳангӣ дар ҳамкории байни ду давлат ҷойгоҳи махсусро доро мебошанд.

Ҷониби Тоҷикистон инчунин лоиҳаи нави Барномаи табодули фарҳангиро пешниҳод намуд, ки он дар муддати кӯтоҳтарин ба тасвиб хоҳад расид.

Пас аз вохӯрӣ роҳбарони ҳайати ҳар ду тараф ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Чин аз намоиши рассомӣ ва аккосӣ таҳти унвони «Тоҷикистони муосир» дидан намуданд, ки он таъриху фарҳанг, урфу одат, сохтмонҳои бузург, симои муосири пойтахти  мамлакат – шаҳри Душанбе ва табиати зебои Тоҷикистонро инъикос менамуд.

Мавриди зикр аст, ки ифтитоҳи ботантанаи рӯзҳои мазкур  шоми 17 май дар толори консертии Маҷмаии консертии «Ҳафтуми феврал» бо сухани шодбошӣ ва ифтитоҳии муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён ва муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Хитой Чанг Су шурӯъ гардид.

Таъкид гардид, ки баргузории чорабинии мазкур самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду давлат аст ва чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории тарафайн дар ҳамаи соҳаҳои муҳими ҳаёт  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони соҳибистеъдод манзури тамошобинон гардид, ки бо кафкӯбиҳои зиёд пазироӣ  гардид. Санъати рақс ва мусиқии тоҷикро дар Чин ансамблҳои рақсии «Гулрез» ва «Парасту», ансамбли созҳои миллии «Дарё», ҳунарпешагон Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимзода,  Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки шоми 20 майи соли 2019 дар доираи ин рӯзҳо барномаи бошукӯҳи консертӣ дар шаҳри Сиан дар Кохи консертии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои музофоти Шэнсӣ баргузор мегардад.

Май 20, 2019 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд