Шоми имрӯз Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» ҷамъбаст мегардад

Май 15, 2019 12:45

ДУШАНБЕ,  15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила шоми имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалб ва фарогирии  ҳарчи  бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат  ва  ба ин восита баланд  бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоиписандии ҷавонону наврасон баргузор мешавад.

Дар барнома 13 ансамбли беҳтарини оилавӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба даври ҷамъбастии Фестивал роҳхат гирифтаанд, иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали фестивал оғози моҳи апрел шурӯъ гардида, дар он танҳо ансамблҳои оилавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳайаташон на зиёда аз 20 нафар аст, иштирок карданд.

Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.

Май 15, 2019 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд