Шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 майи соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Германия лоиҳаи курсҳои такмили ихтисос барои занон таҳти унвони “Зан — сарвар” роҳандозӣ гардид.
Тавре аз Донишкадаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Доктор Макс Георг Майер-намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомоти маҳаллӣ фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд. “Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҷассум ёфтааст. Сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронда шудааст ва тавре шоҳид ҳастем, мақоми занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”,- афзуд Ректори Донишкада.
Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Пешвои миллат ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил доранд, аз ин рӯ сол ба сол сафи роҳбарон аз ҳисоби занон меафзояд. Инчунин таъкид гашт, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки имрўз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолият доранд.
Доктор Макс Георг Майер зимни суҳбат аз ҳамкории самарабахш бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории минбаъдаи дуҷониба баён дошт.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ барои идомаи ҳамкорӣ шартнома ба имзо расонда шуд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






