Шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз афзоиш ёфтааст

Май 6, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 майи соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Германия лоиҳаи курсҳои такмили ихтисос барои занон таҳти унвони “Зан — сарвар” роҳандозӣ гардид.

Тавре аз Донишкадаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Доктор Макс Георг Майер-намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомоти маҳаллӣ фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд. “Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҷассум ёфтааст. Сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронда шудааст ва тавре шоҳид ҳастем, мақоми занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”,- афзуд Ректори Донишкада.

Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Пешвои миллат ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил доранд, аз ин рӯ сол ба сол сафи роҳбарон аз ҳисоби занон меафзояд. Инчунин таъкид гашт, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки имрўз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолият доранд.

Доктор Макс Георг Майер зимни суҳбат аз ҳамкории самарабахш бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории минбаъдаи дуҷониба баён дошт.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ барои идомаи ҳамкорӣ шартнома ба имзо расонда шуд.

Май 6, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иброҳим Мирзозода аз нав Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №62 пешбарӣ шуд
Беш аз 100 нафар маъюбони шаҳру ноҳияҳои Суғд соҳиби аробача гардиданд
ДУ ПОЙ ДАР ЛОЙ. Камол Насрулло таассуб ва хурофотро аз бемориҳои дерину куҳансоле номид, ки бархе аз мардуми мо ба он гирифтор аст
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо мақсади шиносоӣ бо рушди инфрасохтор ба водии Бартанги Рӯшон сафари корӣ намуд
ВИРУСОЛОГҲО ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТ ВА МУҲЛАТИ МАВҶИ НАВИ COVID-19 ДАР РУСИЯ. Вазири тандурустии Тоҷикистон мавҷуд будан ё набудани омилҳои воридшавии коронавирусро ба кишвари мо шарҳ дод
Ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи сайёри экологӣ дастрас гардид
ЭҲТИЁТ БОШЕД, ФАЪОЛНОКИИ ОФТОБӢ! Даври баландтарини он ба солҳои 2022-2023 рост меояд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид
Борони кӯтоҳмуддат ба чор қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Лахш зарар расонид
«ЗАНҶИРАИ ГАРМИ ДАСТГИРИИ ШИРИ МОДАР». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон Даҳаи тағзияи кӯдакон бо шири модар доир мегардад

Маводҳои таҳлилӣ