«Сомон Эйр» ду хатсайри навро аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Нижневартовск ва Сургути Россия ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 28.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 июни соли равон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои хатсайрҳои мунтазам дар самти Хуҷанд – Нижневартовск – Хуҷанд оғоз менамояд. Парвозҳо дар самти нав дар ду ҳафта як маротиба, рӯзҳои душанбе амалӣ мешаванд.
Ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки парвоз аз Хуҷанд соати 9:20 ва аз Нижневартовск соати 15:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Ба роҳ мондани хастсайри нави ҳавоӣ байни Хуҷанд ва Нижневартовск дар ҳолест, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 8 май инҷониб парвозҳоро дар самти Хуҷанд – Сургут – Хуҷанд ҳафтае як маротиба иҷро менамояд.
Хатсайрҳо рӯзҳои чоршанбе дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд. Парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соати 08:00 ва аз Сургут соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ иҷро карда мешавад. Мусаллам аст, ки алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол парки ширкати ҳавопаймоӣ «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






