«СУҒД-2019». Дар ин Ярмаркаи байналмилалии савдо маҳсулоти тавлидоти ватанӣ муаррифӣ мегардад

Май 30, 2019 10:46

ДУШАНБЕ, 30.05.2019/АМИТ «Ховар»/. 21 ва 22 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд  6 –умин Ярмаркаи байналмилалии савдо —  «Суғд-2019» баргузор мегардад. Созмондиҳандагони Ярмаркаи мазкур  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати  ин вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони  рушд  мебошанд.     

Ҳадаф аз баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо дар шаҳри Хуҷанд дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоя ва афзун намудани ҳаҷми  содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда ба кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  баргузории ин ярмаркаи   байналмилалӣ  имкониятҳои наву фарохро барои доираҳои  соҳибкории вилояти Суғд  ҷиҳати татбиқи нақшаҳои тиҷоратӣ тавассути  табодули таҷрибаи касбӣ ва муаррифии  лоиҳаҳои сармоягузории муосир фароҳам меорад.

Ҳамчунин Ярмаркаи байналмилалии  савдо- «Суғд-2019» маконе хоҳад гардид, ки дар он фазои мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, бастани қарордодҳои ҳамкорӣ ва дигар шароити мусоиди тақвияти робитаҳои тиҷоратиро муҳаё месозад.

Интизор меравад, ки   дар ҳошияи Ярмаркаи зикршуда  баргузории   ҳамоишу нишастҳо бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ ташкил гардида, дар онҳо  маҳсулоти тавлидотии  ватанӣ муаррифӣ гарданд.

Ёдовар мешавем, ки   дар панҷумин Ярмаркаи байналмилалии савдо – «Суғд-2018», ки моҳи июли соли гузашта дар Хуҷанд доир гардида буд, 150 корхонаю ширкатҳои тавлидотии шаҳру навоҳии Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузошта, байни доираҳои соҳибкорӣ наздик ба 100 қарордоду созишнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Май 30, 2019 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид