«СУҒД-2019». Дар ин Ярмаркаи байналмилалии савдо маҳсулоти тавлидоти ватанӣ муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.05.2019/АМИТ «Ховар»/. 21 ва 22 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд 6 –умин Ярмаркаи байналмилалии савдо — «Суғд-2019» баргузор мегардад. Созмондиҳандагони Ярмаркаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати ин вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошанд.
Ҳадаф аз баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо дар шаҳри Хуҷанд дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоя ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда ба кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баргузории ин ярмаркаи байналмилалӣ имкониятҳои наву фарохро барои доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи нақшаҳои тиҷоратӣ тавассути табодули таҷрибаи касбӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории муосир фароҳам меорад.
Ҳамчунин Ярмаркаи байналмилалии савдо- «Суғд-2019» маконе хоҳад гардид, ки дар он фазои мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, бастани қарордодҳои ҳамкорӣ ва дигар шароити мусоиди тақвияти робитаҳои тиҷоратиро муҳаё месозад.
Интизор меравад, ки дар ҳошияи Ярмаркаи зикршуда баргузории ҳамоишу нишастҳо бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти тавлидотии ватанӣ муаррифӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар панҷумин Ярмаркаи байналмилалии савдо – «Суғд-2018», ки моҳи июли соли гузашта дар Хуҷанд доир гардида буд, 150 корхонаю ширкатҳои тавлидотии шаҳру навоҳии Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузошта, байни доираҳои соҳибкорӣ наздик ба 100 қарордоду созишнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.








Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






