ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 май, сешанбе, 121-умин рӯзи соли 2019 аст

Май 1, 2019 08:00

1 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд.

***

26 сол пеш, 1 майи соли 1993 300 нафар аввалин гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон доир шуд.

1 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи меҳнат.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.

РӮЙДОДҲО:

 79 сол пеш, 1 майи соли 1940 дар Сталинобод аввалин кӯл — «Кӯли комсомол»  ба истифода дода шуд.

***

1 майи соли 2004 Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта, Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуданд, ки дар таърихи ин созмон бузургтарин ҳамроҳшавии давлатҳо ба шумор меравад.

***

Дар ин рӯзи соли 1922  дар Россия аввалин хати байналмилалии ҳавоӣ кушода гардид.

***

5 сол пеш, 1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуданд.

***

1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1884  дар Чикаго сохтмони аввалин бинои серошёна, ки иборат аз 10 ошёна буд, оғоз ёфт.

***

Соли 1899 бори нахуст доруи аспирин ба фурӯш бароварда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 1, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст