Тоҷикистон беш аз 300 нафар шаҳрвандони худро аз минтақаҳои даргири Шарқи Наздик ба Ватан бозгардонид

Май 17, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 17.05.2019/ АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи солҳои охир аз кишварҳои хориҷӣ беш аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористиву ифротгаро, бахусус «Давлати исломӣ» ба минтақаҳои даргири Шарқи наздик рафта буданд, ба Ватан баргардонидааст. Инчунин охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки имрӯз дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» дар Душанбе доир гардид, иброз доштанд, «корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд».

Бояд тазаккур дод, ки ба Ватан баргардонидани 84 нафар фарзандон ва он ашхосе, ки гумроҳ гардидаю ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд, баъдан аз кирдори худ пушаймон гардида, дар Тоҷикистон мавриди авф қарор гирифтанд, аз иқдомҳои башардӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат башорат медиҳанд.

Май 17, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад