Вакилони Парлумон ҷараёни саноатикунонии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Май 7, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат дар мавзӯи “Ҷараёни саноаткунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ”  муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов  иброз намуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат-яъне гузариши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» корҳои муайян ба анҷом расонид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расоанида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуд, ки афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтмон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4%, корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод.

Рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 105,0%, вилояти Суғд 116,4%, вилояти Хатлон 107,3%, шаҳри Душанбе 122,3% ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 149,4%-ро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд.

Май 7, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид