«Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо». Таҳти ин ном дар Душанбе конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир гардид

Май 22, 2019 15:15

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» таҳти ин унвон рӯзҳои 21-22 майи соли равон дар Душанбе конфронси  илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони кишварҳои дохил ва хориҷ, Созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки конфронси  мазкур ба фаъолияти 10-солагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, зеро ниҳоди мазкур 10 сол муқаддам бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шудааст, ки ин иқдом яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким ва рушди ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад.

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакат иброз намуд, ки таъсиси чунин мақомот барои давлате, ки ҳадафҳои худро бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ эълон медорад, аҳамияти бениҳоят бузург дорад. «Зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст.  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлдолияти давлатӣ  эҳтиром, риоя, ҳифз ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳои инсонро сатҳи муҳими сиёсати худ муайян карда, баҳри амалишавии он тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ  намудааст»,-гуфт ӯ.

Ҳамчунин Сайфиддин Сироҷзода мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни конфронси мазкур, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баён дошт: «Давлат дар сатҳи миллӣ барои амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон вобаста ба муқовиматсозии қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи он механизмҳо ва расмиётро таҳия кардааст, ин раванд бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва ба инобатгирии манфиатҳои миллӣ идома дода мешавад».

Ёдрас мешавем, ки  Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф шуда, эътибор, эҳтиром, риоя  ва ҳифзи ин ҳуқуқу озодӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.

 

Май 22, 2019 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд