Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев аз гармхонаҳо ва боғҳои меваи Хатлон дидан мекунад

Май 15, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  Дмитрий  Патрушев (ДАР АКС) бо сафари корӣ  ба вилояти Хатлон меояд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   Дмитрий Патрушев 16 майи  соли равон    ба вилояти Хатлон сафар намуда,  бо роҳбарияти вилоят мулоқот менамояд.

Қарор аст, ки ҷонибҳо доир ба  густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар кунанд.

Дар доираи ин сафар вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини  Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон  боздид хоҳад кард.

Май 15, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд