Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев аз гармхонаҳо ва боғҳои меваи Хатлон дидан мекунад
ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев (ДАР АКС) бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон меояд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Дмитрий Патрушев 16 майи соли равон ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо роҳбарияти вилоят мулоқот менамояд.
Қарор аст, ки ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар кунанд.
Дар доираи ин сафар вазири кишоварзии Федератсияи Россия аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон боздид хоҳад кард.








СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд






