Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев аз хоҷагиҳои вилояти Хатлон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли равон намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири кишоварзии ин мамлакат Дмитрий Патрушев бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз кори боғдорону кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун дидан намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, меҳмононро дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва дигар масъулин бо самимияти хоссаи тоҷикона сазовор истиқбол намуданд.
Сипас, намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбаладии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, ки меҳмононро ҳамроҳӣ доштанд, аз намоишгоҳи аҳли заҳмату ҳунари сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён дидан карданд. Аз намоишгоҳ аён буд, ки деҳқонони ноҳия дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи обу замин, тухмиҳои хушсифат таҷрибаи бой андӯхта, имрӯз бо меваву сабзавот ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ муаррифи миллати тоҷик мебошанд.
Меҳмонон аз боғи хоҷагии «Сорбонҷон» низ дидан карданд. Ин боғи намунавии мевааш содиротшаванда 5 сол пеш бунёд гардида, имрӯз ниҳолҳои гелос, олу, зардолуи он ғарқи ҳосиланд. Меваҳои шаҳдбори чунин боғҳо на танҳо бозорҳои истеъмолиро арзониву фаровонӣ мебахшанд, балки барои содироти бештари мева ба хориҷи кишвар заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Аз ин нигоҳ, дар ноҳияи Кӯшониён майдони боғот васеъ гардида, ҳар сол 3 ҳазору 500- 3 ҳазору 600 тонна мева содирот менамоянд.
Ҳамчунин намояндагони Федератсияи Россия бо ҳунари занону модарони кадбонуи тоҷик – сокинони ноҳияи Кӯшониён, бахусус, Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол шинос шуда, ба нону маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳои сазовор доданд. Меваҳои лазизи боғҳои Хатлон, афшураи зардолу, гелос ва дигар навъҳои меваҳои шаҳдор, нону кулчаҳои болаззати занону бонувони тоҷик ба меҳмонон хеле хуш омад. Миёни истеҳсолкунандагони ватанӣ ва намояндагони Федератсияи Россия дар самти сифати маҳсулот мубодилаи афкор сурат гирифт. Роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён меҳмононро чун рамзи дӯстиву бародарӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.
Воқеан, ноҳияи Кӯшониён аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, боғдорону кишоварзони он дар самти истифодаи замин, аз замин бардоштани ду — се ҳосил таҷрибаи бой андӯхтаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён хоҷагидороне зиёданд, ки дар баробари таъмини арзонию фаровонии бозори истеъмолӣ сол то сол ба содироти бештари маҳсулот муваффақ мегарданд.
Дар мавсими имсола аллакай беш аз 120 тонна маҳсулот аз ин деҳот ба давлатҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот шудааст. Деҳқонони асил ин ҳама пешравӣ ва файзу баракатро ба соҳибистиқлолӣ ва азму талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд медонанд.
Намояндагони Федератсияи Россия дар ин рӯз ҳамчунин аз боғи олуи хоҷагии «Ниёзмуҳаммад Беков», шафтолубоғи хоҷагии ба номи «Сафар Ҷумъаев»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, анорбоғи хоҷагии «Баҳор», намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, фаъолияти хоҷагидорони Хоҷагии тухмипарварии ба номи «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ ва ҷамъоварии пиёз ва кишти такрорӣ бо техникаи муосир дар хоҷагии деҳқонии «Собириён», гармхонаҳои сабзавот ва майдони кишти полезии хоҷагии деҳқонии «Назриён» ва гармхонаҳои лимӯпарварии хоҷагии «Абдураҳим Тоҳиров»-и ноҳияи Ҷайҳун аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.
Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ кишоварзони вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки ин нукта бори дигар зимни сафари намояндагони Федератсияи Россия аз шаҳру ноҳияҳои вилоят эҳсос гардид. Тайи чор моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 79,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 55262 тонна сабзавот, 1649 тонна картошка ва 402 тонна меваҷот истеҳсол шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки то 6 майи соли равон аз вилоят 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3, 3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Сафари намояндагони давлати Россия ба вилояти Хатлон баҳри ҳамкории дуҷониба дар самти кишоварзӣ ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Ҳадафи ташрифи гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба он хотир аст, ки аз кори боғдорону кишоварзон дидан намуда, дар дастрасии технологияи навин дар истеҳсолот мусоидат намоянд ва ҳамкориро дар самти кишоварзӣ ва содироти меваву сабзавот ба давлати Россия тақвият бубахшанд.













Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст






