Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқулов: «Қазоқистон ва Тоҷикистон мубодилаи молро то ба 1 миллиард доллар мерасонанд»
ДУШАНБЕ, 18.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқуловро ба ҳузур пазируфт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон зимни натиҷагирӣ аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт «дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ баррасӣ гардиданд».
Ҷонибхо муҳиммияти таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро матраҳ намуда, таъкид сохтанд, ки дар ин самт имконият ва иқтидорҳои бузург вуҷуд доранд, ки истифодаи он ба манфиати ҳар ду давлат аст.
Бейбут Атамқулов зикр кард, ки «соли 2018 гардиши мол байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 840 миллион доллари амрикоиро ташкил дод ва ин нишондодро мо дар соли равон ба 1 миллиард доллар расониданием».
Ҳамзамон бо дахли тақвияти равобити мутақобилан судманди Қазоқистон ва Тоҷикистон Бейбут Атамқулов изҳор дошт, ки байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории самарбахш ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон миёни вазорату идораҳои марбутаи Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиёт, логистика, фарҳанг ва гуманитарӣ робитаҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки дар тавсеаи муносиботи неки ду давлат нақши муассир мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазокистон Бейбут Атамқулов ҷиҳати иштирок дар машварати 7-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония», ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






