Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно: «Япония бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона дорад»

Май 18, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония» Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно дар ҳузури хабарнигорон баён дошт, ки Япония дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»  муносибатҳои дуҷонибаи дӯстонаро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Таро Коно ҳамчунин   иброз дошт, ки ин аввалин сафари Вазири  корҳои хориҷии Япония ба  Тоҷикистон дар давоми 15 соли охир мебошад ва илова кард, ки «зимни мулоқот  бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар муҳокима шуданд.  Аз ҷумла, ҷалби сармоя ва сайёҳон аз Япония  ба Тоҷикистон, инчунин мубодилаи афкор дар соҳаи фарҳанг ва маориф. Япония бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона дорад. Ҷиҳати  дар оянда тавсеа ёфтани  ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст».

Май 18, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд