ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: раиси комиссияи манзилӣ барои гирифтани пора дастгир шуд

Май 28, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия раиси комиссияи манзилии ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодоми вилояти Суғд  Шодиев Аваз Юлдошевич, соли таваллудаш 1966  бо гумони гирифтани пора дастгир карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  номбурда  аз зани 48 солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев  барои мусоидат намудан ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,8 га, маблағи 5 000 сомонӣ  ҳамчун пора талаб кардааст.

Ба иттилои манбаъ,  27-уми майи соли  равон, тахминан соати 15:00, номбурда дар назди бинои ҶСК бонки «Эсхата»-и шаҳри Конибодом ҳангоми аз зани мазкур гирифтани 5000  сомонӣ дастгир шуд.

Нисбат ба  Шодиев Аваз Юлдошевич  парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Май 28, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид