Вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон
ДУШАНБЕ, 31.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 майи 2019 дар шаҳри Ашқобод дар остонаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамадов мулоқот намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, нақлиётӣ-транзитӣ, энергетика ва саноат, илму маориф ва гуманитарӣ табодули назар ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии хешро роҷеъ ба рушду густариши муносибатҳои шарикии Туркманистону Тоҷикистон дар робита ба маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд.









Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






