Вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон

Май 31, 2019 13:59

ДУШАНБЕ, 31.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 майи 2019 дар шаҳри Ашқобод дар остонаи ҷаласаи  Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамадов мулоқот намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, нақлиётӣ-транзитӣ, энергетика ва саноат, илму маориф ва гуманитарӣ табодули назар ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии хешро роҷеъ ба рушду густариши муносибатҳои шарикии Туркманистону Тоҷикистон дар робита ба маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд.

Май 31, 2019 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид