ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъоланд

Май 28, 2019 13:47

ХУҶАНД, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, чун забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои мактабиву томактабӣ  тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Дадабоев, иқдоми мазкур бештар дар муассисаҳои томактабӣ ба назар расида, дар  онҳо натиҷагирӣ ва омӯзиши дарс дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Тибқи маълумоти масъулини шуъбаи маорифи шаҳр, ҳадаф аз ҷорӣ намудани амали мазкур, ин татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаҳои таълимии томактабӣ мебошад. Зимни омӯзишҳо, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити педагогию психологӣ баҳри рушди қобилият ва завқи кӯдакони синни томактабӣ дар омӯзиши забонҳои русию англисӣ роҳандозӣ гардида, инчунин бо кӯдакони болаёқат дар асоси ба инобат гирифтани неруи зеҳнӣ ва малакаи забондонии онҳо машғулиятҳои гуногуни донишандӯзӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла,  бо забони русӣ дар мавзӯи «Чор фасли сол» дар кӯдакистони №28 бо кӯдакони гурӯҳи калон дарси кушод,  бо омӯзиши забони англисӣ ва забони русӣ дар кӯдакистони №40 дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб машғулияти намунавӣ, ки  аз шиносоӣ бо шаклҳои геометрӣ ва муҳити зист иборат буданд, гузаронида шуданд.

Бо истифода аз забони русӣ ва англисӣ дар кӯдакистони №26 дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб баҳри муайян намудани таълими савод, ташаккули тасаввуроти оддитарини математикӣ, инкишофи нутқ, бо истифода аз методҳои интерактививу инноватсионӣ чанде пеш тибқи нақшаи таълимӣ машғулияти комплексӣ гузаронида шуд.

Машғулиятҳои зикршуда  аз  ҷониби масъулини шуъбаи маорифи шаҳр  баҳои баланд гирифтанд. Кӯдакон  дар навбати худ зимни машғулиятҳо бо истифода аз ашёву айёнияти намоишӣ бо ҷавобҳои саҳеҳу бурро чолокиву зиракии худро нишон доданд.

Бояд зикр аст, ки имрӯз дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд 9398 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, шумораи гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ 45 адад буда, ҳамзамон дар 136 адад гурӯҳҳои алоҳида машғулиятҳои иловагӣ аз забони русӣ ва дар 130 гурӯҳҳо машғулиятҳои забони англисӣ гузаронида мешаванд.

Май 28, 2019 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад