14-15 июн дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 06.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 14-15 июни соли равон дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ, А. Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва Н. Ганҷавии шаҳри Душанбе ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар соатҳои муайян маҳдуд карда мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин маҳдудият бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар рӯзҳои баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҷорӣ мешавад.
«Дар ин робита аз сокинону меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд. Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, метавонанд аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд», -илова намуд манбаъ.








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






