20 нафар наворбардорони шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар наворбардорони шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла «ТВ Тоҷикистон», «ТВ Ҷаҳоннамо», «ТВ Сафина», «ТВ Варзиш», «ТВ Синамо», «ТВ Баҳористон», «ТВ Бадахшон», «ТВ Хатлон» ва «ТВ Кӯлоб» ба давраи бозомӯзӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» созмон дода шудааст, фаро гирифта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатулло Исмоилзода дар маросими ифтитоҳи давраи бозомӯзӣ изҳор дошт, ки ҳадафи машғулияти мазкур боло бурдани савияи тахассусии наворбардорони шабакаҳои телевизионии мамлакат мебошад, зеро онҳо ба такмили ихтисос ниёз доранд.
Бояд тазаккур дод, ки давраи бозомӯзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, наворбардор-таҳиягари шабакаи телевизионии «Звезда»-и Россия Захар Винников ба наворбаророни тоҷик доир ба нозукиҳо ва санъати наворбардорӣ дарс мегӯяд.
З.Винников бо намунаи корҳои эҷодии наворбардорони тоҷик ошно гардид. Наворбардорон давоми машғулият корҳои амалии худро пешниҳод карданд ва ҳар як кори амалӣ аз тарафи омӯзгор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар давраи машғулият шунавандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни санъати наворбардорӣ, тарзи дурусти истифодаи дастгоҳи наворбардорӣ, муайян намудани миқёси тасвир ва ғайраҳо маълумот мегиранд.
Наворбаророни шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон давоми панҷ рӯз барои сайқали маҳорати касбии худ аз омӯзгори варзида дастурҳо мегиранд. Машғулияти мазкур аз бахшҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, то 21 июн идома меёбад.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






