Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷики шаҳри Ставропол мулоқот намуд

Июнь 7, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории III Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» дар шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии ин шаҳр таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН аз шаҳри Ставропол иттилоъ медиҳад, дар ин мулоқот донишҷӯёни тоҷик аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил мекунад, ба таври назаррас афзуд.

«Имрӯз зиёда аз 20 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд ва умед аст, ки ҳар яки онҳо, аз ҷумла шумоён дар оянда мутаххасиси хуб шуда, ба Ватан содиқона хизмат менамоед», — иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.

Мавсуф дар баробари ин аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ёдовар шуда, ҷавононро ба хониши хуб, дур будан аз чунин зуҳуроти номатлуб ва муҳимтар аз ҳама, садоқат ба миллат ва хизмат ба халқу Ватан даъват кард.

Аҳтам Абдуллозода ҳамчунин гуфт: «Аз ҷониби Ҳукумат роҳандозӣ гардидани як зумра роҳҳои ҳавасмандгардонии ҷавонон, ба монанди стипендияи президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва ба зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони  лаёқатманд аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад».

Донишҷӯён дар навбати худ барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Июнь 7, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст