ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд шиногоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони боз як мактаби нав оғоз гардид
ХУҶАНД, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли равон бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар соҳили чапи дарёи Сир, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр, барои шаҳрвандону меҳмонон боз як шиногоҳи нав, яъне маҷмааи муосири дорои ҳамаи шароитҳои истироҳату фароғат ба истифода дода шуд.
Маҷмааи мазкур ҳудуди 300 метрро фаро гирифта, он дорои ҳавзи шиноварӣ , майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин буда, ҳамзамон ҳудуди он бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шудаанд, ки дар ин макон дар як вақт метавонанд беш аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр истироҳат намоянд.
Тавре мухбири митақавии АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Шарифзода иттилоъ медиҳад, зимни ифтитоҳи шиногоҳи нав раиси вилояти Суғд ба масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати ба таври доимӣ омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешада, барои бехатарии шаҳрвандон як бунгоҳи назоратӣ низ таъсис диҳанд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр санги асос гузошта шуд. Ин муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои таҳсили 280 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, лоиҳаи харҷномавии бино 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки алъон дар ҳудуди вилоят сохтмони беш аз 50 адад мактаби нав ва 15 адад кӯдакистон идома дорад, ки онҳо то ҷашни 30- солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни таърихии мамлакат- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд босуръат идома доранд.
Тибқи иттилои масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо дар маркази вилоят бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни хотирмони миллӣ тибқи нақша бунёду таъмир ва навсозии 510 иншооти гуногун роҳандозӣ гардида, то имрӯз наздик 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.










Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд






