ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд шиногоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони боз як мактаби нав оғоз гардид

Июнь 26, 2019 10:00

ХУҶАНД, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 июни соли равон   бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  дар соҳили чапи дарёи Сир, воқеъ дар  хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр, барои шаҳрвандону меҳмонон боз як шиногоҳи нав, яъне маҷмааи муосири   дорои ҳамаи шароитҳои истироҳату фароғат ба истифода дода шуд.

Маҷмааи мазкур  ҳудуди 300 метрро фаро гирифта, он дорои  ҳавзи шиноварӣ , майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин буда, ҳамзамон ҳудуди он  бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шудаанд, ки дар ин макон дар як вақт метавонанд беш аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр истироҳат намоянд.

Тавре мухбири митақавии АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Шарифзода иттилоъ медиҳад,  зимни ифтитоҳи шиногоҳи нав  раиси вилояти Суғд ба масъулини  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати ба таври доимӣ омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешада, барои бехатарии шаҳрвандон як бунгоҳи назоратӣ низ таъсис диҳанд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр  санги асос гузошта шуд. Ин муассисаи таълимӣ аз  се ошёна иборат буда, барои таҳсили 280 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, лоиҳаи харҷномавии бино 6  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки алъон дар ҳудуди вилоят сохтмони беш аз 50 адад мактаби  нав ва  15 адад кӯдакистон идома дорад, ки онҳо  то ҷашни 30- солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои ободониву созандагӣ  ба ифтихори ҷашни таърихии мамлакат- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар маркази вилояти  Суғд -шаҳри Хуҷанд босуръат идома доранд.

Тибқи иттилои масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  имрӯзҳо дар маркази вилоят бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни хотирмони миллӣ тибқи нақша бунёду таъмир ва навсозии 510 иншооти гуногун роҳандозӣ гардида, то имрӯз наздик 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Июнь 26, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад