ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар Истаравшан 7 иншооти нав ба истифода дода шуд

Июнь 28, 2019 17:13

ДУШАНБЕ, 28.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Корҳои ободониву созандагӣ бобати боз ҳам ободу зеботар гардонидани шаҳри Истаравшан аз ҷониби мардуми сарбаланди ин шаҳри қадимӣ бо ифтихори миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд ба сомон расонида мешаванд.

Дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар доираи тадбирҳои нақшавии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан 7 иншооти маишию хизматрасонӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоуддин Баҳодурзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, муовини Раиси Суди конститутсионӣ Карим Каримзода, судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ маҷмааи хизматрасонӣ дар ошёнаи сеюм маркази омӯзиши забонҳо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рабӣ Отаев бо харҷи 1,5 млн. сомонӣ ва дар хиёбони Истиқлол бинои истиқоматӣ дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкор Илёс Холбоев бо харҷи 1 млн. 246 ҳазор сомонӣ қомат афрохтанд.

Дар ошёнаи сеюми маҷмаа Маркази омӯзиши забонҳо бо фаро гирифтани 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Марказ дорои синфхонаҳои барҳаво, толори хониш ва ашёи хониш буда, дар он забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, туркӣ ва чиноӣ бо ҷалби мутахассисони касбӣ омӯзонида мешавад. Хизматрасонии таълимӣ барои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ба наврасон ва ҷавонону донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Машғулиятҳо гурӯҳию фардӣ бо усули муосир ва бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами таълимӣ ҷараён мегиранд. Омӯзгорони ботаҷрибаи кишварҳои  Туркия ва Чин барои омӯзонидани ин забонҳо ҷалб шудаанд. Марказ имконият дорад, ки дар як вақт зиёда аз 50 нафарро ба таҳсил фаро гирад.

Дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, сокинон имкони бо нархҳои дастрас харидани маҳсулоти ниёзи аввалро пайдо карданд. Соҳибкорон ният доранд, ки дар ояндаи наздик дар  марказҳои савдо гӯшаи фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумиро низ ташкил намоянд.

Дар деҳаи Обҷувози ҷамоати деҳоти Қалъачаи калон корхонаи муосири парандапарварии «Мурғи заррин» ба фаъолият оғоз намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дилшод Ашӯров бунёд ёфтааст. Масоҳати корхона 30 сотихро фаро гирифта, бо харҷи 242722 сомонӣ сохта шудааст.

Ҳадафи асосии ташаббускорон ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо тухми хушсифати ватанӣ ва гӯшти паранда таъмин намудани шаҳрҳои Истаравшану Душанбе ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо ният доранд, ки содироти тухм ва гӯшти парандаро ба тамоми мамлакат  ба роҳ монанд. Дар ин корхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1000 сомонӣ таъмин шуда, оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон зиёд карда мешавад.

Дар деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти «Пошкент» бозори фурӯши чорво ба фаъолият оғоз намуд. Бозори фурӯши чорво дар масоҳати 4 гектар аз ҷониби соҳибкор Садриддин Ғафуров бо харҷи 405800 сомонӣ ва 10 ҷойи корӣ бунёд гардид. Соҳибкор ният дорад, ки дар як қисмати бозор фурӯши хӯроки чорво, маҳсулоти доруворӣ ва дигар лавозимот барои нигоҳубини чорворо ташкил намояд.

Дар ҷамоати деҳоти «Нофароҷ» чойхонаи ҳозиразамони «Истаравшан» аз ҷониби соҳибкор Акмал Бобоҷонов бо харҷи 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толорҳо, ҳуҷраҳои алоҳида, таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад. Бинои навбунёди муҳташами чойхона бо нақшу нигори зебову дилкаши бо  чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфта, ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам намудааст. Барои табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шуда, барои қабули мизоҷон шароит муҳайё карда шудааст.

Дар деҳаи Ниҷонӣ мағозаи хӯрокворӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Худойқул Абдуқулов бо харҷи 405800 сомонӣ ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ  нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби соҳибкор Саҳоб Машрабов бо харҷи 274450 мавриди истифода қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси ин гӯшаи диёр бунёд гардида, дар онҳо барои аҳолии шаҳр дар маҷмӯъ 58 ҷойи кори нав муҳайё гардид.

Зикр шуд, ки ин иқдоми соҳибкорон дар заминаи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии  мамлакат, ки зимни он мардум ба бунёдкорию созандагӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват карда шуданд, инчунин сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.

Ба иттилои масъулин, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан 450 иншоот бунёд мегардад. Соли 2019 ба истифодадиҳии 152 адади он назар дошта шудааст, ки то имрӯз 90-тои он мавриди истифода қарор гирифтааст. Соли 2018 бошад, 112 иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, чоҳҳои амудӣ, марказҳои саломатӣ, хонаи хатна барои кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон, маркази таълими забонҳо, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоати деҳот, марказҳои савдо, чойхонаи миллӣ, кошонаи ҳусн ва ҳаммом ба истифода дода шуданд. Иншооти зикргардида бо сифати хуб ва сатҳи баланди меъморӣ сохтаву таъмир гардидаанд ва ба шаҳр ҳусни зебо бахшида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, хусусан занон бо ҷойи кор ва музди меҳнати мувофиқ таъмин шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истравшан зиёда аз 62 деҳа ва 10 ҷамоат мавҷуд аст. Зимни сафари корӣ ба ин гӯшаи диёр аз меҳнати созандагии мардуми ин шаҳр аён буд ва эҳсос гардид, сокинони шаҳр  чун дигар сокинони мамлакат ҳадафҳои неку созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки ба хотири рушди бештари  мамлакат  ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд, бо ҳамовозии баланд истиқбол намуда, бо меҳру самимият барои обод кардани диёри худ  камари ҳиммат бастаанд. Вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорону сокинони шаҳри Истаравшан ният доранд,  ҷашни 30—солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда,  ин гӯшаи диёрро  боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2019 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд