Ҳайати Тоҷикистон дар Фестивали «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 06.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 июни соли равон дар шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия дар доираи баргузории III Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он журналистони ҷавон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи журналистика мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН, ки дар чорабинии мазкур ҳузур дошт, иттилоъ дод.
Дар ин фестивал аз Тоҷикистон 15 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок доранд.
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Зарина Ҷавакова оид ба «Нақш ва мавқеи ВАО дар рушди Тоҷикистон» баромад намуд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар он озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда аз 600 рӯзномаву маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ ва даҳҳо телевизиону радиоҳои давлативу хусусӣ фаъолият мекунанд, ки саҳми онҳо дар рушди он назаррас мебошад»,- зикр намуд мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия III Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» 4 июн оғоз гардида, то 9 июн идома меёбад.
Дар фестивали мазкур намояндагони 23 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок доранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






