«АКСИ ЗЕБОИ КИШВАРАМ». Ин озмун табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғдро муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Акси зебои кишварам» — озмунест, ки миёни аксбардорони касбиву ҳаваскори вилояти Суғд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарғибу муаррифии табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии ин вилоят мебошад.
Ба иттилои манбаъ, озмуни зикршуда дар як давра гузаронида шуда, тибқи талаботи низомномаи он расмҳо бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳар як расми пешниҳодшаванда бояд дорои ном ва матни кӯтоҳ (шарҳу тавзеҳи расм) бошад.
Ба ғолибони озмун — барои ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






